Дар сар то сари ҷаҳон намуди варзишии футбол миёни мардум маҳбубияти хосса дошта, миллионҳо нафар мухлисонро ба ҳам овардааст. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо иродатмандии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Раиси Ҳизби ХалқииДемократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  футбол дар кишварамон рушд карда, шарафи давлати моро дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ футболбозони тоҷик ҳимоя намуда истодаанд. Дар пайравӣ аз футболбозони навраси тоҷик, ки дар давлати Бразилия дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонӣ ширкати фаъолона доштанд, дар шаҳри Хуҷанд низ бахшида ба 25 – солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят мусобиқаи футбол барои ба даст овардани Ҷоми иттифоқи касаба доир карда шуд. Дар ин мусобиқа 6 даста вориди рақобат шуда, дар даври ниҳоӣ дастаи ТҶҶ “Созандагони Ватан”-кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бар рақиби худ дастаи мунтахаби Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии  Тоҷикистон бо ҳисоби калони 8 бар 2 ғолиб омада, Ҷоми мусобиқаро ба даст оварданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки футболбозон аз қабили Насим Бобоев, Шавкат Пӯлодов, Саидҷон Абдуллоев, Амирҷон Абдуҷалилов, Насимҷон Муродов, Олимҷон Норматов аз дастаи “Созандагони Ватан” аз худ маҳорати баланди тӯбронӣ нишон дода, сазовори таҳсину офаринҳо гардиданд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд кулли ҷавонони ташшаббускору варзишгарро бо ин дастоварди шоён табрик намуда, дар фатҳи қуллаҳои нави дастовардҳо ба онҳо барор хоҳонанд.