Дар шафати майдони Ситораҳои Хуҷанд бо иқдоми шуъбаи кор бо ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ҳамдастӣ бо ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани солгарди навбатии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, пешгирӣ аз амалҳои номатлуби пайвастшавӣ ба ифротгароӣ ва нашъамандӣ, ҳамзамон барои эмин мондан аз бемории сироятии коронавирус навъи КОВИД – 19 аксия таҳти унвони “Ҷавонон фардои ин миллатанд” доир гардид.

Зимни аксия ҷавонони фаъол аз дастгириҳои давлат  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ин қишри ояндасоз сухан ронда, аз ҳамсолони худ даъват ба амал оварданд, ки бо меҳнати созандаву бунёдкорона барои ободии диёр саҳмгузор бошанд. Барои он ҷавононе, ки дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрон мондаву даст ба амалҳои зишт мезананд, тавсия дода шуд, ки фурсатро беҳтарин сармояи худ донанд.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби масъулони шуъбаи кор бо ҷавонони шаҳр ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба аҳли ҳозирин варақаҳои даъватӣ вобаста ба ҷашни Ваҳдат ва пешгирӣ аз  бемории сироятии КОВИД – 19, тақсим карда шуд.