Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд имрӯзҳо роҳбарият ва аъзоёни кумиҷроия ҷиҳати табрики кормандони соҳаи тандурустӣ бахшида ба иди касбишон дар маҷлисҳои муассисаҳои тибби шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, табрикоти роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро расонида истодаанд.

13 уми август муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева дар маҷлиси тантанавии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази микроҷарроҳии чашми вилояти Суғд» ширкат варзида, табибону кормандони ин марказро ба муносибати иди касбиашон аз номи Роҳбарияти ҲХДТ табрику муборакбод намуд ва фаъолони ҳизбро бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонид.

Дар Маркази микроҷарроҳии чашми вилояти Суғд бахшида ба рӯзи кормандони соҳаи тибб, “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва 20 – солагии таъсисёбии Марказ омуни “Беҳтарин ҳамшираи тибб” байни кормандони Марказ гузаронида шуд, ки ғолибон бо ифтихорномаю тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.