Бахшида ба фарорасии соли нави мелодии 2015 бо ибтикор ва дастгирии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар Театри давлатии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назаров баҳри болидахотирии аъзоёни ҳизб ва кӯдакони оилаҳои ниёзманд намоишномаи солинавӣ таҳти унвони «Рақси Барфак» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Наим Маликисломов ҳозиринро ба муносибати фаро расидани соли нав табрику муборакбод намуда, хоҳони он шуд, ки бигзор соли нав ба хонадони мардуми шарифи тоҷик файзу баракат биёрад.