Имрӯз, 18 августи соли 2023 дар доираи нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар маркази саломатии шаҳрии № 2 шаҳри Хуҷанд бахшида ба иди касбии Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил гардид.

Дар чорабинӣ мудири шуъбаи ҷавонони   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд – Эҳсон Исоев ва Қаҳҳорова Гавҳар, директори маркази саломатӣ ва кормандон иштирок намуданд.

Гавҳар Рустамовна нахуст сухани ифтитоҳӣ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки маҳз бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикстон соҳаи тандурустии мамлакат ба зинаи нави рушд ворид гаштааст. Махсусан дар давоми соҳибистиқлолӣ муаасиса бо таҷҳизоӣҳои нави замонавӣ ҷиҳозонида шуда, ҷиҳати саривақтӣ ва босифат намудани корҳои табобатӣ мусоидат мекунад.

Сипас Эҳсон Исоев кормандони муаасисаро ба ифтихори иди касбиашон шодбош намуд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон идомаи ислоҳоти соҳаи тандурустиро дастгири намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасӣ сатҳу сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ талош меварзад. Ислоҳот дар соҳаи тандурустҳ, пеш аз ҳама, ба таъмини устуворӣ ва дастрасии ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ ба муолиҷаю табобат ва барқарорсозии саломатӣ равона карда мешавад.

Дар фарҷом якқатор табибон барои гузоштани саҳми арзанда дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Сипоснома   ва  тӯҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр қадрдонӣ гардиданд.