Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои ориёист. Ин ҷашнро Ҷамшед асос гузоштааст. Ин ҷашн дар моҳи авали баҳор, ки Фарвардин ном дорад, баргузор мешавад. Яке аз суннатҳои Наврӯз ин оростани дастурхони Наврӯзӣ ва маросими сумалакпазӣ мебошад. Дар асоси нақшаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва шӯъбаи кор бо занони он санаи 13.03.2015 дар ташкилоти ибтидоии Маркази дилшиносӣ бо арҷгузорӣ ба иди миллии тоҷикон-Наврӯзи оламафрӯз дар доираи эълон гардидани соли 2015 «Соли Оила» бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладорӣ байни ҷавонон ва таҳкими оила озмуни «Зани отифаю порсо, кунад марди хешро подшоҳ» баргузор гардид. Дар озмун кормандони Марказ иштирок намуда, аз рӯи 7 шарт қувваозмоӣ намуданд. Баргузории ин маҳфили фарҳангию фароғатӣ ба иштирокчиёну тамошобинон як дарси ибрат ва тарбия буд. Дар ин чорабинӣ мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, ҳозиринро бо Иди аҷдодӣ аз номи кумиҷроия шодбош гуфта, аҳамияти тарбиявии чорабинии мазкурро, махсусан, таъкид карда гузашт.