Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гимназияи №4 –и шаҳри Хуҷанд чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзида, омӯзгорону хонандагонро ба муносибати Рӯзи Парчам табрику муборакбод намуд. Раиси Кумиҷроия қайд намуд, ки Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллату давлат, ваҳдати миллӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад. Имрӯз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандҳои худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем. Ба рамзҳои давлатӣ эҳтиромонона муносибат намудан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа буда, қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба давлату давлатдорӣ бошад. Дар охири чорабинӣ ба 20 нафар омӯзгорони гимназияи №4, ки қаблан барои дохил шудан ба сафи ҲХДТ бо ариза муроҷиат карда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Шарҳ додан
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 10328
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 10145
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 8271
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 8065
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 7433
-
Хуҷанд: КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМО ВА ҚУТБНАМОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ2023-11-03 1286
-
Хуҷанд: АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТИ ШОЁНИ СОБИҚАДОРИ ҲХДТ2023-11-01 1322
-
Маҷлиси кумитаи иҷроия2016-11-04 1369
-
Аз фавти ҳамватанон наҳзат рақс мекунад!2020-04-28 1078
-
Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд2014-10-18 1480
-
ЗАН – САФОБАХШИ ЗИНДАГӢ2022-03-01 446
-
ДАР ХУҶАНД САФИ АЪЗОИ ХХДТ МЕАФЗОЯД2022-02-24 514
Меҳмонон