Дар асоси Қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон аз 9-апрели соли 2022, №4 ва барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 24-майи соли 2022, №36, инчунин бо қарори маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботии ташклотҳои ибтидоӣ баргузор гардида истодааст.

Аз ин лиҳоз субҳи имрӯз дар ташкилоти ибтидоии “Сифат” дар назди Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки масъулин ва аъзоёни  ташкилот доир гардид, ки дар рафти маҷлис 5-масъала :

  1. Ҳисоботи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ
  2. Тасдиқи нақшаи фаъолияти нимсолаи дуюми ташкилоти ибтидоӣ
  3. Интихоби Раиси ташкилотӣ ибтидоӣ
  4. Интихоби вакилон ба Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии ҳизбӣ
  5. Қабули аъзо ба ҲХДТ

баррасӣ гардид.