21-январи соли равон дар маҷлисгоҳи  ташкилотҳои ибтидоии “Дурахшандагон” ва “Нурафзо”  ҳайати гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мулоқот доир гардид, ки дар он муовини раиси кумиҷроия Муҳаббат Ӯрунбоева ва устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, номзади илмҳои филология, дотсент Зеварой Бобоева иштирок ва баромад карданд. Таъкид гардид, ки Паёми Пешвои миллат воқеан, ҳам дастури муҳим ва роҳнамо барои ҳар як сокини кишвар маҳсуб ёфта, ҳар як фарди ватандӯстро водор месозад, ки дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони маҳбубамон нақши сазовор дошта, барои ободониву пешрафти кишварамон саҳмгузор бошад.