Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бахшида ба рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси шаҳри Хуҷанд зиёда аз 3000 нафар сокинони шаҳр бо иди истиқлолияти кишвар табрику муборакбод карда шуда, варақаҳои табрикотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба онҳо тақдим карда шуд.

Тоҷикистон-кишвари аҷдодию авлодиам,

Тоҷикистон маскани озодию ободиам.

Ҷисму ҷонам сахту маҳкам аз гилу оби ту аст,

Тоҷикистон-сарзамини бахту тахту шодиам.

Ҷашни истиқлоли ту бодо муборак, эй Ватан,

Ҳусни истиқболи ту бодо муборак, эй Ватан.