Субҳи санаи 19-уми феврали соли 2022 тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷкистон дар шаҳри Хуҷанд дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 17.02.2022, таҳти №15 бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пос доштани хотираи гузаштагон, ки дар пойдории сулҳу ваҳдат дар мамлакат ҷоннисорӣ намудаанд аксияи шаҳрии тозагии оромгоҳҳо, майдони Муҷассамаи “Ситораҳо” – и шаҳри Хуҷанд таҳти унвони “Арҷгузорӣ ба поси хотири муҳофизони Ватан” ташкил ва гузаронида шуд.
Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд гирду атрофи майдони Муҷассамаи “Ситораҳои” –и шаҳр аз алафҳои хушкшудаву партовҳо, ки симои ҷойҳои муқаддасро бенур гардонида буд, тоза намуданд.