Бо мақсади иҷроиши нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, санаи 29.07.2020 бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва оид ба пешгирии ҳамагуна падидаҳои  номатлуб дар байни бонувон бо фаъол занони кумитаи маҳаллаҳои “Масчиди Савр” ва “Раззоқ” мулоқот доир намуданд.

Мулоқотро Маликисломӣ Наим Мунаввар – Раиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳусни ифтитоҳ бахшида ҳадафи баргузории мулоқотро пешгирии аз паҳнгардии коронавирус ва тарғибу ташвиқи ғояҳои инсондӯстӣ байни бонувон номид.

Дар мулоқоти мазкур Салимзода Мадинахон Қодир - мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Сардори Раёсати кор бо занони МИҲД-и вилояти Суғд Хоҷазода Хуршедахон Усмон, Мудири шуъбаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Заррина Манонова, Раиси маҳаллаи Масчиди Савр Ҳоҷибоев М ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.

Масъалаҳои дигаре, ки зимни мулоқот барраси гардид “Ҷудошавии оилаҳои ҷавон”, “Шомилшави ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб” ва “Савдои одам ҷиноят аст” буд. Баромадчиён дар маърӯзаҳои хеш оиди ин мушкилиҳои ҷойдошта баромад намуда қайд карданд, ки барои рӯ ба рӯ нагардидан бо ин ҳодисаҳои номатлуб бояд занон зиракиро аз даст надиҳанд ва аз ҳуқуқҳои хеш бохабар бошанд.