Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тибқи барқияи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастуру супоришоти Кумиҷроияи вилоятии ҳизб ва дар асоси нақшаи фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», ки роҳандозии чорабиниҳои он аз ҷониби Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода шудааст, инчунин бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд санаи 5-уми сентябри соли 2015 дар миқёси шаҳр бо ҷалби васеи донишҷӯёну муҳассилини макотиби ҳамагонӣ, кормандони ташкилоту корхонаҳои шаҳри Хуҷанд шанбегӣ баргузор намуд. Дар шанбегӣ аз ҷониби зиёда аз 10 ҳазор донишҷӯёну муҳассилини макотиби ҳамагонӣ 14 км хиёбонҳо, 8 км ҷӯйборҳо ва 7 гектар гулзорҳои минтақаҳои «Ситораҳои Хуҷанд», назди мавзеи ёдгориҳои солҳои 1941-1945, гирду атрофии «Кохи матбуот», кӯчаи «Сирдарё», хиёбони назди бозорчаи микроноҳияи 34-ум аз партовҳо тоза карда шуданд. Инчунин, кормандони корхонаю ташкилотҳо гирду атрофии коргоҳи худ ва кӯчаву хиёбонҳои назди коргоҳашонро аз партовҳо тоза карданд. Дар минтақаҳои зикршуда ҳамчун шаҳси масъул кормандони Кумиҷроияи шаҳрӣ вобаста карда шуда буданд, ки онҳо рафти шанбегиро пурра зери назорат гирифтанд. Ҳамзамон аз ҷониби телевизионҳои маҳаллӣ ҷараён гирифтани шанбегӣ ба навор гирифта шуд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд минбаъд низ чунин амали ободкориро ба роҳ монда, ҷиҳати тозаву покиза нигоҳ доштани шаҳри Хуҷанд саҳми худро мегузорад.