Асоси зиндагӣ аз оила оғоз меёбад. Оила чун ҷавҳари ҷомеа дар ҳама давру замон мақому манзалати хосаеро дорост. Тамоми бурду бохти мо бо оилаву оиладорӣ зич марбут аст. Ҳаёти ҳар як инсон аз оила оғоз меёбаду гармию сардӣ, талхию ширинӣ, ғаму шодӣ, машаққату роҳаташ аз он ибтидо мегирад. Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Дар ҷомеаи Тоҷикистон арзишҳои анъанавии оилавӣ, ки ба эҳтиром, муҳаббат ва ризоияти байни ҳамсарон, падару модарон ва фарзандон асос меёбанд, мавҷуд мебошанд. Таҳкими ин арзишҳои маънавию фарҳангӣ ва дар ниҳоди наврасону ҷавонон парваридани ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, ташаккул додани муносибати фаъоли шаҳрвандӣ, дастгирии давлат ва оила дар ин самт аз вазифаҳои муҳими Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Ба ин хотир шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» санаи 2-юми декабри соли 2014 дар толори Кумиҷроия дар мавзӯи «Оилаам осудаву ҷамъи ҷаҳон осудааст» маҳфили мубоҳисавӣ орост, ки иштирокчиён оиди мустаҳкамии оила, таъмини зиндагии шоиста, ҳифз ва пойдории расму анъанаҳои миллӣ, пешгирии ҳама гуна хушунат нисбати ҷавонон, занон, наздикон, ҷомеа ибрози ақида намуда, омилу сабабҳои пайдоиши муноқишаҳои оилавӣ,оқибатҳои манфии он ва барои рух надодани низои оилавӣ чӣ бояд кард, пешниҳодҳои амиқи худро баён намуданд.