Бо ташаббуси комиссияи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Бобоҷон Ғафуров»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд дар факултети  санъати тасвирӣ ва технологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохурӣ бо курсҳои  якуми факултети мазкур оиди пешгирии амалҳои номатлуби коррупсионӣ баргузор гардид.

Чорабиниро муовини декан оид ба тарбияи  факултети мазкур Умарҷон Раҳимов оғоз намуда, доир ба ҳадафи гузаронидани  он маълумот дод. Сипас, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Эҳсон Наврўзов оид ба пешгирии амалҳои номатлуби коррупсионӣ андешаронӣ намуда, таъкид сохт, ки бояд ҳар як ҷавоне, ки дар ин даргоҳи  нури маърифат таҳсил мекунанд бо хониши хубу аъло ба хидматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузорад, ободгари имруза фардои кишварамон бошад. Амалҳои коррупсионӣ ин нанг буда, теша ба рушду такомули инсоният аст. Мо бояд аз ин кирдорҳои ба ҷомеа хавфнок парҳез намоем.

Сипас, байни иштирокдорон оид ба мавзуъи баррасишаванда  мубодилаи афкор сурат гирифт.