Дар асоси нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нурфазо» бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ва аъзоёни ҲХДТ маҷлиси ҳисоботӣ-итихоботӣ баргузор гардид. Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нурфазо», Мамадова Адибахон кушода, оид ба фаъолияти такшилот аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ҳисобот дод.

Сипас муовини раиси кумиҷроияи вилоятӣ Замира Мансурӣ дар назди ҳозирин баромад намуда, натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Нурфазо»-ро аз рӯи ҳисоботи роҳбари ташкилот қаноатбахш ҳисобида, барои боз ҳам беҳтару хубтар намудани тарзу усули ҳуҷатгузорӣ, сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботҳои оморӣ, пардохти ҳаққи узвият, қабул ба сафи ҳизб, тартиб додани ҷузвдонҳо ба роҳбари ташкилоти ибтидоӣ маслиҳатҳои муфид дод.

Ҳамчунин  муовини раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Муҳаббат Ӯрунбоева роҷеъ ба фаъолияти назарраси ташкилот дар татбиқи Барномаи ҲХДТ, баланд бардоштани иродаи сиёсии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, тарғиби идеологияи миллӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон,  дастгирии  содиқонаву самимии сиёсати бомароми Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, садоқат ба Ватан, миллат, Президент ва амсоли ин мавзӯҳои набзи ҷомеа суханронӣ намуд.

Дар ҷараёни маҷлис қарорҳо “Дар бораи омодагӣ ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, интихоби ҳайати нави Раёсати  ташкилоти ибтидоӣ, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ ва қабули аъзо ба сафи ҲХДТ қабул гардиданд.

Дар охир якчанд фаъолон бо сипоснома ва тӯҳфаҳои Кумиҷроияи шаҳрии ҳизб қадршиносӣ гардиданд