Дар ташкилоти ибтидоии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати таблиғу ташвиқи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати мимллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид. Намояндаи кумиҷроияи шаҳрӣ Муҳаббат Ӯрунбоева дар вохӯрӣ ширкат варзида, доир ба нуктаҳои асосии Паём суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки оид ба пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, варзиш ва сайёҳӣ Сарвари давлат вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

   Барои мардуми Тоҷикистон соли 2018 соли таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли 2018 дар рӯзи байналмиллалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об  Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид расман оғоз гардид.

Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми тоҷик амалӣ гардид ва ин як қадами устувор расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ-истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

   Рӯйдоди сеюми таърихӣ ин масъалаҳои дар тӯли зиёда аз  ду даҳсола ба вуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар ҳаёти маънавии мардум мебошад.

  Барои муаррифии пураи имкониятҳои сайёҳии кишвари мо, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ як сол басанда нест. Аз ин рӯ Сарвари давлат дар Паём солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд.