ҲАДАФИ НОМЗАДИ ҲХДТ СИФАТАН БЕҲТАР НАМУДАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ

Дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷараёни ташвиқоту тарғибот вобаста ба баргузории интихоботӣ президентӣ идома дорад. Чунин як мулоқоти озоду самимӣ дар асоси нақша – чорабинии Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ дар беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд доир гардид.

Вохӯриро сарвари беморхонаи беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд Фарҳод Муллоев оғоз бахшида, интихоботро маъракаи муҳими сиёсӣ ва тақдирсоз дар ҳаёти сиёсии кишвар унвон намуд.

Маликисломӣ Наим Мунаввар, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз нақш ва мақоми номзад ба маснади президентӣ аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тинҷиву амонии кишвар, пешрафти хоҷагии халқ сухан ронда, зикр дошт, ки маҳз такя ба халқи ваҳдатшиору меҳнатдӯст ва нерӯи хирад буд, ки марҳилаи саодат ва шукуфоӣ насибамон гашт.

Абдуҳаким Шарипов, раиси шӯрои собиқадрони КИ ҲХДТ дар  шаҳри Хуҷанд номзади ҲХДТ – Раиси муззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шахсияти мондагори  таърихи миллат унвон карда, гомҳои устувори ӯро дар муарриифии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ шоиста хонд.

Дар баромади Ҳасан Займетов, устоди МДТ ДДХ баён шуд, ҲХДТ ба он хотир дар давраи навбатии президентӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун номзад ба мансаби презилентӣ пешбарӣ намудааст, ки бо шарофати ӯ дастовардҳое, ки дар ҳаёти ҷомеъа ба вуқуъ пайвастанд, ҳифз кунем, онҳоро таҳким бахшем ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро боз ҳам баланд бардорем. Барои ин лозим меояд, ки ҳаҷми зиёди корҳо, барномаҳои бузурги созанда ва бунёдкоронаро зери роҳбарии хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ намоем ва бо ин васила сатҳи зиндагии мардумро сифатан беҳтар созем.