Бо иқдоми ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и назди кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ имрӯз дар хиёбону кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд варақаҳои таблиғотӣ доир ба маъракаи интихоботӣ  паҳн карда шуд. Ҳамчунин аз ҷониби гурӯҳи ҷавонон ташвиқотҳои кӯча ба кӯча, ҳавлӣ ба ҳавлӣ гузаронида шуд.