Мувофиқи нақша чорабинии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таҳти унвони «Ҳимояи Ватан рисолати мо ҷавонон аст!» бахшида ба  эълон гаштани соли 2017 – «Соли ҷавонон» ва иҷроиши фармоиши Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар Қисми низомии 3501-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҷавонони синни то даъватии ҳарбӣ бо сарбозону афсарон баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ зиёда аз 140 нафар хонандагони синфҳои болои макотиби шаҳр ва омӯзгорон иштирок намуда, аз шароити зист, ошхона ва лавозимоти ҷангии  сарбозону хизматчиёни ин қисми низомӣ дидан ошноӣ пайдо намуданд.

 Мақсади баргузории ин шиносоӣ бевосита баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон, ҳамчунин беҳдошти тарбияи ҳарбӣ-варзишии ҷавонон аст.