Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода бо мақсади фаҳмонидани чораҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва ҳамчунин самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин бо сокинони маҳаллаҳои “Раззоқ” ва “Навбаҳор”-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти озоду самимӣ орост.

 Мавсуф зимни мулоқот зикр дошт, ки ҷомеаи ҷаҳонро имрӯз хатари бемории сироятии коронавирус фаро гирифтааст. Танҳо риояи гигиенаи шахсӣ, тозаву озода нигоҳ доштани манзили зист, дур будан аз издиҳом метавонад аз беморӣ моро эмин дорад. Ба ин хотир бояд фарҳанги рӯзгордориро риоя намоем.

Номбурда дар идомаи суҳбат аз иқдомҳои раиятпарваронаи Сарвари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди беҳдошти рӯзгори мардум ёдовар шуда, таъкид дошт, ки ҳар як ваҷаб замини холигии назди ҳавлиҳо, қитаъҳои замини ба истилоҳ президентӣ самаранок истифода бурда шавад. Зеро то рафт доман паҳн кардани ин беморӣ барои доду гирифти молу коло бо дигар давлатҳо халал ворид намуда истодааст.

Моро мебояд, ки бо кишти сабзавотҳои барвақти ниёзҳои аввалаи худро бароварда карда бошем.

Сокинони маҳаллаҳо раиси кумиҷроияро бовар кунонданд, ки дастуру нишондодҳои раиси кумиҷроияро смармашқи фаъолияти худ қарор хоҳанд дод.