Имрӯз дар қаҳвахонаи «Камоли Хуҷандӣ»-и шаҳри Хуҷанд  бахшида ба 29-солагии баровардани Қӯшунҳои Шӯравӣ аз хоки Афағонистон ва таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Фирдавс Саидов ширкат карда ҳамаи ҷанговарони интернатсионалистонро аз номи роҳбарияти ҲХДТ табрику муборакбод намуд.

Аз ҷумла дар баромади хеш Фирдавс Саидов зикр дошт, ки истиқлолият дастоварди муҳимтарину бузург, неъмати бебаҳои ҳама гуна халқу миллат ба шумор меравад. Маҳз бо шарофати истиқлолият мо соҳиби Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ ва аъзои чандин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳастем.

Сипас, ба 2 нафар аъзоёни фаъоли ҳизб дар вазъияти тантанавӣ Сипоснома ва Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд супорида шуд.

Дар охир баҳри болидахотирии иштирокчиён аз тарафи санъаткорон ва эҷодкорони Ханаи маданияти №1 –и шаҳри Хуҷанд барномаи фарҳангӣ доир карда шуд.