Дар ширхоргоҳ кӯдакистони №36-и шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Ровиёни беҳтарин» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни Парчами миллӣ баргузор гардид, ки дар он 29 нафар тарбиятгарони муассисаҳои томактабӣ ширкат варзиданд. Озмун аз рӯи шартҳои: муаррифии иштирокчиён ва қироати шеъру таронаҳо аз ашъори шоираҳои халқи тоҷик Гулчеҳра Сулаймонӣ ва Озод Аминзода гузаронида шуд. Ҳайати ҳакамон ба қироати шеър, ҳунару истеъдоди наврасон баҳои арзанда ва воқеӣ доданд. Дар натиҷа ғолибият насиби Мирзомаҷид Ҳомидов аз кӯдакистони №33 гардид. Шоҳҷоизаи озмун ба тарбиятгирандаи муассисаи томактабии №18 Шукрона Ӯрунова муносиб дониста шуд. Мақоми дуввумро Фирдавс Холиқов аз кӯдакистони №36 ва Даврон Саидов аз кӯдакистони №9 мушарраф гаштанд. Ҷойи сеюм насиби Хиромон Валиева (кӯдакистони «Роҳнамо»), Аниса Ғаниева (МТТ №13) ва Нафиса Холиқова (МТТ №12) гардид. Дар вазъияти тантанавӣ аз номи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ба ғолибон медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Шарҳ додан
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 4679
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 4544
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 3093
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 3090
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 2293
-
ТАНТАНАИ ИДОНА ДАР ҚИСМИ НИЗОМИИ 35012021-02-22 26
-
Артиш бақои давлат аст2021-02-22 21
-
Бани одам аъзои якдигаранд…2021-02-18 31
-
РӮ БА РӮ БО МАРДУМ2021-02-13 49
-
БО ЗАҲМАТИ СОДИҚОНАВУ АҲЛОНА МЕҲАНАМОНРО ОБОД НАМОЕМ2021-02-09 61
-
АХБОР.КОМНЕВУ БАЛКИ!2020-04-24 220
-
Об – мӯъҷизаи мӯъҷизаҳост2018-06-01 742
Меҳмонон