Соли равон ба ғалабаи оламшумули халқи шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 74 сол пур мешавад. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омодагиҳо ба ҷашни мубораки 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани солҳои 2019 – 2021 Рӯзи Ғалаба имсол шукӯҳу шаҳомати хосса дорад.

     Баъди 1418 шабу рӯзи маргбор, санаи 9-майи соли 1945 Германияи фашистӣ пурра торумор гардид ва дар болои боми лонаи фашистон – Рейхстаг байрақи ғалаба парафшон шуд. Ин ғалаба, на танҳо мардуми Иттиҳоди Шӯравию давлатҳои Аврупо, балки тамоми инсониятро аз юғи асорати фашистон наҷот дод ва дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шуд.

    Аз рӯи маълумотҳои оморӣ шумораи қурбониёни ҷанги хонумонсӯзи дуюми ҷаҳонӣ ба 54 миллион нафар мерасад, ки 27 миллион нафараш сокинони Иттиҳоди Шӯравӣ буданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон он вақт ба ҳайати ҳамин иттиҳоди абарқудрат дохил буд ва дар набардҳои зидди фашистон зиёда аз 265 ҳазор нафар тоҷикистониён ҳам мардонавор ҷангидаанд. Аз байни онҳо 54 нафарашон сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 10 нафарашон соҳиби ҳар се дараҷаи ордени “Шараф”, ҳазорон нафари дигар соҳиби ордену нишонҳои ҷангӣ ва Ифтихорномаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар шудаанд.

Мардуми заҳматқарини диёр дар ақибгоҳ низ ба хотири таъмини щалаба ва дастгирии ҷанговарон шабу рӯз монда нашуда заҳмат мекашиданд. Ба фронт озуқаворӣ, сарулибос ва аз ҳисоби маблащҳои ҷамъовардаашон яроқу аслиҳа мефиристоданд, дар сохтмони иншоотҳои хусусияти мудофиавидошта, кӯчонидани мардуми зиндамонда, заводу фабрикаҳо ба ақибгоҳ, барқарор намудани хоҷагии халқ ва инфрасохтори вайрону валангоршуда фаъолона иштирок мекарданд.

    Дар баробари ҷанговарони диловару ҷоннисор ҳазорон нафар партизанҳо ҳам барои торумор кардани истилогарони фашистӣ набарди беамон мебурданд. Маҳз ҳамин ҷоннисории ҷанговарону партизанҳо дар хатти пеши фронт, дастгирию кӯмаки халқи кабир дар ақибгоҳ щалаба дар ҷанги хонумонсӯзро таъмин намуд.

    Давоми панҷ сол падарону бобоёни шуҳратманд дар байни обу оташи ҷанг синаашонро барои ҳифзи Ватан сипар карданд ва бо ивази ҷони хеш щалабаро таъмин намуданд. Маҳз ба шарофати ҷоннисорию қаҳрамонии онҳо мо – наслҳои имрӯза зиндагии босаодату бофарощат дорем. Мардуми диёр баъди садсолаҳо ҳам онҳоро фаромӯш нахоҳад кард. Чуноне мегӯянд, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад.

    Ба гуфти коршиносон муҳорибаи Сталинградро таърихи дуҳазорсолаи милод ёд надошт. Ва ин гуна муҳориба дар рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ кам набуданд. Ҳар каф хоку ҳар ваҷаб замини аҷдодӣ бо нархи ҷон харидорӣ мегардид. Таърих ҳамеша сабақомӯз аст, ҳарчанд гоҳе онро нодида мегиранд.

    Солҳои охир дар раванди ҷаҳонишавии давлатҳову тамаддунҳо аз ҷониби як қатор кишварҳои абарқудрат кӯшиши аз нав тақсим намудани ҷаҳон, щасб намудани манбаъҳои бузургу беҳтарини неъматҳои моддӣ, бо роҳи ташкили табаддулот сарнагун намудани қудратҳои ба онҳо маъқулнабуда, дахолат ба кори дигар кишварҳои озоду соҳибихтиёр, аланга додани оташи ҷанг равшан мушоҳида мешавад. Маҳз ҳамин гуна қудратталабию дахолатҳои ноҷо дар вақташ сабабгори сар задани ҷанги дуюми ҷаҳон шуда буд. Илова бар ин, дар олами муосир экстремизму терроризм ба хатари рақами як табдил ёфта, боиси нооромии авзои сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ дар тамоми сайёра шудааст. Мутаассифона, миллати сарбаланди тоҷик дар ощози солҳои навадуми асри гузашта даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронд ва айни замон як гурӯҳ ватанфурӯшону хоинон мехоҳанд боз ҳамон рӯзҳои сиёҳ такрор шаванд.

     Ба гуфти шоир:

                             Чу аз оштӣ сулҳ ояд ба чанг,

                             Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг.

Шукронаи тинҷиву ободӣ, сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва ҳамдиливу сарҷамъист, ки Ватанамон сол то сол пеш меравад, ободу зеботар мегардад ва дар ин радиф сатҳу сифати зиндагии халқ беҳтар мешавад. Аъзоёну фаъолон ва алоқамандони ҲХДТ, ки ҳамеша ҷонибдори иқдомҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд,  дар раванди бунёдкорию созандагӣ саҳми арзанда гузошта, ҷангҷӯёну низоъбарангезон, хоинону ватанфурӯшон ва душманону бадхоҳони миллатуамонро сахт маҳкум менамоянд.

Ҷоннисориву матонати падарону бобоёни бонангу номус, ватандӯсту диловар барои мо, наслҳои имрӯза ҳам мояи ифтихор, ҳам намунаи олии садоқат ба халқу Ватани худ ва ҳам мактаби бузурги ибрат аст. Дар назди бузургию ҳаҳрамониҳои онҳо сари таъзим фуруд оварда, бо истифода аз фурсат, фаро расидани Рӯзи Щалаба бар фашизмро ба кулли ҳамватанон, аз ҷумла ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд табрику муборакбод мегӯям. Хоҳони онам, ки ҳамеша тансиҳату хонаобод ва сарбаланду фирӯз бошанд.

   

Иди Зафар муборак, азизони дил!

                                                         

                                                           Мудири шӯъбаи ташкилӣ

                                                           КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

                                                           Исоев Эхсонсонҷон Махмудҷонович