Ҷиҳати амалигардонии ҳадафҳои Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказию Вилоятии  ҲХДТ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон ва  20-солагии Рўзи «Ваҳдати миллӣ» Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, кўчаи Мичурин, хонаи 23 Юсупов Аминҷон, ки вазъи саломатиаш хуб нест, аёдат намуда, ба ў тўҳфаҳои кумитаи иҷроияро тақдим кард.

Ёдовар мешавем, ки ин иқдом дар шаҳри Хуҷанд давом дошта, аз рафти он хабар хоҳем дод.