Тибқи ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоӣ, санаи 20-уми июли соли 2023 дар ташкилоти ибтидоии «Сулҳ» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.
Дар маҷлиси мазкур мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти кумиҷроия Ғуфронҷон Шарипов ва аъзои Раёсати кумиҷроияи шаҳрӣ Абдумавлон Азимов иштирок намуданд.
Аз рӯи масъалаи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ аз натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз 1-уми июни соли 2022 то 01-уми июни соли 2023 шунида шуд.
Дар маҷлис-интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда Ҷабборов Мӯҳсин аз нав раиси ташкилоти ибтидоии “Сулҳ” интихоб гардид.
Дар ҷараёни маҷлис баромадкунандагон таъкид намуданд, ки дар баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии шаҳрвандон, сатҳи донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» мо ҳизбиён масъулияти баланд дорем. Тарбияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, тақвияти ҳисси ватандориву ватандӯстии мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон бахусус, наврасону ҷавонони кишварамон вазифаи ҳар як узви ҳизб мебошад.
Баъдан ба аъзоёни нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.
Баъди хамин маҷлиси хисоботӣ-интихоботии ТИ “Сулҳ” ба кори худ хотима бахшид.