Бо самимият ва ифтихори бузург Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тавассути телевизион тамошо кардам. Бароям он нукта хушоянд буд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат дар соли хеле вазнин ва мушкил тавонистанд ба таҳлукаю нобасомониҳои олам бинобар паҳншавии бемории сироятии КОВИД -19 дода нашуда, иқтисодиёти кишварро 4,5 фоиз афзоиш дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ба 82,5 миллиард сомонӣ расонанд, ки ин дастоварди хуб аст.

 Мо, маъюбон тавассути сиёсати некбинона ва ғамхоронаи Сарвари давлат ҳеҷ гоҳ аз ҷамъият дур нестем. Шуруъ аз якуми сентябр ба ҳаҷми 50 фоиз зиёд шудани ҳаҷми нафақаи гурӯҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд, моро хеле рӯҳбаланд намуда буд. Инак, бо хиради инсонгароёна нафақаи мо сар аз моҳи сентябр  боз ба андозаи 50 фоиз зиёд мегардад. Ин пайғоми хуш моро дар атрофи Сарвари давлат боз ҳам муттаҳидтар месозад. Миннатдории худ ва кулли маъюбонро ба Сарвари давлат мерасонам.

 

 

Расулов Ҳасанчон

 маъюби гурухи 1- ум истикоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи 1- уми май хонаи 88 к/м 1 уми май тавалудаш 1987