3 феврали соли 2023 намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов ва аъзои гурӯҳи тарѓиботии назди кумиҷроияи шаҳрӣ, декани факултети таърих ва ҳуқуқи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ѓафуров», номзади илмҳои таърих, дотсент Иброҳим Ҷабборов  бо мақсади шарҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коркунони Дармонгоҳи дандонпизишкии вилояти Суѓд мулоқот анҷом доданд. Баромадчиён нуктаҳои муҳими Паёми имсолаи Сарвари давлатро шарҳ дода, аз дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ёдовар шуданд.

Зикр шуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла рушди соҳаи тандурустӣ дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд. Зеро самти мазкур яке аз масъалаҳои калидии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.