15 ноябр дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ифтитоҳи намоши асарҳои узви Иттифоқи журналистони  Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Шӯҳрат Ёров (Шӯҳратёр) таҳти унвони   «Дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар аксҳо»  ба ифтихори 25-солагии Иҷлосияи саодатофари XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат варзид.

Раиси кумиҷроия дар баромади худ ба Шӯҳрат Ёров барои хизматҳои шоёнаш дар инъикоси дастовардҳои замони Истиқлолият изҳори миннатдорӣ намуда, ба ӯ барои фаъолияти минбаъдааш барору комёбиҳои назаррас орзу намуд.

Ёдовар мешавем, ки намоиши мазкур аз 15 то 20 –уми ноябри соли 2017 идома меёбад.