Бо мақсади иҷрои қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ аз 25 майи соли 2023, таҳти рақами 2 ва қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 13 июни соли 2023, таҳти рақами 6  дар бораи гузоронидани маъракаи ҳисоботӣ-интихоботӣ имрӯз дар ташкилоти ибтидоии “Дурахшон”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Дар кори маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева иштирок намуд.

Баъд аз тасдиқи рӯзномаи маҷлис гузориши раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд. Ҳамҷунин дар маҷлис масъалаҳои дигари рӯзнома низ барраси гардиданд. Тибқи муқаррарот раиси ташкилоти ибтидоии “Дурахшрн” бо тарафдории аксарияти аъзои ҳизб аз нав интихоб карда шуд.

Дар ҷараёни маҷлис намояндаи кумиҷроияи шаҳрӣ, муовини раис Муҳаббат Ӯрунбоева баромад карда, оид ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ ва масъулиятнокии ҳар як аъзои ҳизб суханрони намуд.

Дар охир якчанд фаъолон бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои кумиҷроияи шаҳрӣ сарфароз гардонида шуданд.