Бояд қайд намуд, ки Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳануз 9 октябри соли 2014 фаъолияти “Гурӯҳи 24”-ро дар кишвар манъ ва баъди чанде ин созмонро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил намудааст. Аъзоёни ин гуруҳ бо ташвиқу тарғиби ғаразноку зиддиҳукуматии худ дар сомонаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд нуфузи байналмиллалии Тоҷикистонро коста гардонанд.

Ин афрод дар қатори наҳзатиҳо дар саросари ҷаҳони муосир бо ҷорӣ намудани нақшаҳои хоҷагони хориҷии худ машғул мебошанд. Дар натиҷаи мамнуъ гаштани фаъолияти “ДИИШ” дар ҷаҳони интернет ҷойи онро ТЭТ ҲНИ ва «Гурӯҳи 24» гирифтааст. Ҳарчанд сомонаҳои расмии ташкилоти мазкур дар миқёси ҷумҳурӣ мамнуъ гардида бошанд ҳам, думравони он фаъолиятшонро дар шабакаҳои иҷтимоии интернет, ба хусус, «Фейсбук» пурзӯр намуда, гурӯҳҳоеро дар «Фейсбук» ихтисос додаанд, ки ҳамчун минбари таблиғ барояшон хизмат мекунанд. Чӣ тавре дар урфият мегӯянд: «Бори каҷ ба манзил намерасад» во мо қотеона метавонем таъкид созем, ки фарзандони нохалаф ҳатман рӯзе сазои амали худро хоҳанд дид.

Кишварҳои ҷангзадаи ҷаҳони муосир барои ҳар як қишри ҷомеаи мо дарси ибрату андеша аст, то шукргузори сулҳу субот ва осудагӣ бошем. Мо бояд баҳри ҳифзи сулҳу субот ва боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азиз камари ҳиммат бандем. Аз тарафи дигар ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, то бидонад, ки ҳеҷ гоҳ бегонагон ва хориҷиҳо барои мо Ватан обод намекунанд. Мо танҳо бо азму иродаи худ кишвари худамонро обод намуда, ба ҳадафҳои худ мерасем.

Бешак, таҷриба нишон медиҳад, ки шахси беватан аслан бепушту паноҳ аст. Зеро ватан модар буда, инсон инсон буданашро танҳо дар озодӣ, соҳибихтиёрӣ эҳсос менамояд. Ҳодисаҳои таърихӣ, гуфтаҳои қаҳрамонон ва бузургони миллат бар он аст, ки инсон ва ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки бо Ватани худ ифтихор карда, барои ҳифзи он омода бошад, ва дар ин роҳ агар лозим бошад, ҷонашро фидо намояд.

Бузургони миллати мо ҳамеша ба Ватану миллати худ ифтихор мекарданд ва ҳеҷ вақт Ватану миллати худро дар назди дигар бегонагон паст назада, бо фарҳангу тамаддуни ғании худ сарбаланд буданд. Инсон дар кишварҳои бегона ҳамеша худро ғариб ва бесоҳиб ҳисобида, саъю талош меварзанд, ҳамеша дар ватани худ бошад. Азбаски баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пеш аст, бархе аз гуруҳу афроди бадхоҳи давлату миллати тоҷик мехоҳанд ба қонунӣ ва шаффоф гузаштани интихоботи монеа эҷод намоянд. Албатта ин бадхоҳон наметавонанд ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд. Шуури ҳуқуқӣ ва зиракии сиёсии шаҳрвандони Тоҷикистон пеши роҳи амалӣ шудани мақсадҳои нопоки ин гуруҳҳои нохалафро мегирад. Имрӯз боиси таассуф аст, ки иддае аз ҳаммиллатони мо аз қабили аъзоёни “Гурӯҳи 24” ва наҳзатиҳо дар кишварҳои хориҷӣ ба миллату ватани худ бад мегӯянд ва ҷониби он санги маломат мезананд.

Ин амал амали маҳз шахсони хиёнаткору манфиатҷӯ буда, барои расидан ба манфиатҳои иқтисодӣ ва сиёсии худ ба ҳама гуна амал даст мезананд. Барои ҳар як фарди ҷомеа зарур аст, ки фикру андешаҳои душманони ватанро дониста, барои ба мақсад нарасидани душман саъю талош варзанд. Инсони бонангу номус ҳеҷ вақт ва ҳеҷ гоҳ ба ватану миллати худ хиёнат намекунад.

Барои мо маълум аст, ки суханҳо, амалҳо, нақшаҳо ва мақсадҳои аъзоёни гурӯҳҳои ифротӣ нишон медиҳад, ки онҳо душмани инсоният буда, ҳатто барои падару модари худ, бародару хоҳари худ раҳам наменамоянд. Аз ин ҷиҳат зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ ҳамеша зарур ва дар мадди аввал аст. Танҳо бо василаи ваҳдат, сулҳ, ҳамдилӣ ва якпорчагӣ метавонем ҳастии худро ҳифз намуда, таърихи гузаштагонро зинда карда, ояндаи дурахшон барои насли наврас омода созем.

Латипов С.У. – ассистенти кафедраи

ҳуқуқи конститутсиони ДДҲБСТ