Ба ифтихори эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон  бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои миллии кишвар- 20- солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25- солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Муҳаммад Осимӣ»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд силсилаи чорабиниҳо доир шуда истодааст.

Чунончи рӯзи гузашта дар толори варзишии ба тозагӣ азнавсозишудаи факултети муҳандисӣ-иқтисодии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мусобиқаи баскетбол байни факултетҳои донишкада барои ба даст овардани Ҷоми донишкада оғоз ёфт.

Бозии аввала байни факултетҳои муҳандисӣ- иқтисодӣ ва сохтмон ва нақлиёт оғоз ёфта, минбаъд дастаҳои дигари факултет вориди рақобат хоҳанд шуд.

Ҳамчунин дар ин рӯз мусобиқаҳои дигари варзишӣ аз қабили турникашӣ, вазнбардорӣ ва дигар намуди мусобиқаҳо доир шуданд.