Санаи 19 феврал дар «Маркази Фарҳанг»-и шаҳри Хуҷанд маҷлиси навбатии аъзоёни ситоди интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он аъзоёни ситод, нозирони миллии ҲХДТ, ки дар участкаҳои интихоботии шаҳри Хуҷанд вобаста карда шудаанд, иштирок намуданд. Раиси ситод Наим Маликисломов фаъолияти кории ситодро таҳлил намуда, аъзоёни гурӯҳҳои ташвиқотию тарғиботиро вазифадор намуд, ки корҳои ташвиқотии кӯча ба кӯча ва хона ба хонаро боз ҳам пурзӯр намоянд. Дар як навбат раиси кумиҷроия ба нозирони миллӣ якчанд маслиҳатҳои муфид дода, зикр намуд, ки иштироки намояндагони ҳизб барои тамоми раванди интихобот хеле муҳим аст. Қайд карда шуд, ки вазифаи намояндаи ҳизби сиёсӣ ва ё шахси боэътимоди номзад дар интихобот пеш аз ҳама хушмуомилагӣ ва ахлоқи ҳамида, ақли солим, қобилияти пешбинӣ ва хирадмандиро тақозо менамояд.