Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю талоши хешро ба омӯхтани донишу маърифат, интихоби касбу ҳунарҳои муосиру замонавӣ, созандагиву бунёдкорӣ равона созанд.

Имрӯзҳо, бо ҳидоят ва дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати иҷрои иқдоми пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти унвони «Нури ирфон» дар шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои фарҳангӣ-оммавӣ ба истиқболи Рӯзи дониш оғоз гардидааст ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамин замина бо ҷавонони ташкилотҳои ибтидоии «Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» ва «Қодир Раҳимов» мулоқот доир намуданд.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд зимни баромади хеш таъкид доштанд, ки ба шарофати соҳибистиқлолии кишварамон тамоми соҳаҳо рӯ ба рушд ниҳода, таваҷҷӯҳ ба ҷавонон сол то сол беҳтар мегардад. Гузашта ан ин имсол барои ҳар як насли худогоҳи миллат соли хотирмон мебошад, зеро аз ҷониби Сарвари давлат соли 2017 соли ҷавонон эълон гардидааст, ки аз ин ҷавонон хеле рӯҳбаланд гардиданд.

Дар охир масоили фарогирии хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот низ аз ҷониби намояндагони ҳизб мавриди баррасӣ қарор гирифт.