Санаи 14 декабри соли 2017 дар маҷлисгоҳи муассисаи таълимии миёнаи умумии № 16 - и  шаҳри Хуҷанд бо ҷалби котибон – коргузорон ва муҳосибони ташкилотҳои ибтидоии кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Истиқлол»-и назди кумитаи маҳаллаи «Масҷиди Савр» семинари омӯзишӣ доир гардид.

Дар кори семинар мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Фирдавс Саидов ва муовини раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии «Истиқлол» Ҳамроҳ Атаева ширкат доштанд.

Ҳамроҳ Атаева чорабиниро оғоз бахшида, дар бораи нақш ва мақоми зиёиён дар пешбурди ҳаёти сиёсӣ ва маънавии кишвар сухан ронд. Таъкид гардид, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, ки барномаи мукаммали яксолинаи хоҷагии халқ мебошад, бояд дастури рӯимизии ҳар як фарди худогоҳу заковатпеша бошад. 

Дар идомаи суханронии худ мавсуф қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун пиёдакунандаи ҳадаф ва ормони давлат ва ҳукумат маҳсуб шуда бо барномаи панҷсолинаи тарҳрезикардаи худ барои ғанӣ гаштани маънавиёти сокинон фаъолияти хешро идома бахшида истодааст. Яке аз роҳҳои таҳким бахшидани нерӯ ва тавоноии ҳизб ин аъзогӣ ва то ба мардум расонидани ҳадафҳои оинномавӣ ва барномаи ҳизб маҳсуб меёбад.

Дар қисмати дуюми семинари омӯзишӣ Ҳамроҳ Атаева тавассути слайд фаъолияти корбариро дар мисоли ташкилоти ибтидоии «Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ» ба аҳли ҳозирин шинос намуд.

Бо ҳамин семинарии омӯзишӣ анҷом пазируфт.