Маълум аст, ки дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон ба даст овардани Истиқлолият аҳамияти беҳамто дорад. Хусусан, қарори Иҷлосияи 16-уми Иҷлосияи Шӯрои олии вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16.11.1992 баргузор гардид, дар таърихи Тоҷикистон чун воқеаи тақдирсоз ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамон ҷаласа вакилони халқ марди ҷавон, ҷасур, оқил, ватанпарвар Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд.

 Эмомалӣ Раҳмон пас аз интихоб шудан  парчами Тоҷикистонро бӯсида ба тамоми халқи Тоҷикистон ваъдаҳои муфид доданд. Дар ин ҷаласаи тақдирбахш Эмомалӣ Раҳмон ваъда дод, ки тамоми саъю кӯшишҳои худро барои пойдории сулҳу субот, баргардонидани гурезаҳо, барқарор намудани ҳолати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар кишвар равона мекунад. Таъкид карда шуд, ки «Гар барои Ватанам зарур бошад, ҷонамро фидо кардан тайёрам». 

Имсол мардуми Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо комёбиҳои бузург ҷашн гирифтанд. Имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон итминони комил дорад, ки интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон хато набудааст ва дар тӯли 25 соли сипаришуда Тоҷикистон, ки дар солҳои 1991-1992 вайрона буд, ба як кишвари  гулгул шукуфон, демократӣ ва ҳуқуқбунёд табдил ёфт. 
Аз рӯзҳои аввал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  соҳаи маорифро чун соҳаи афзалиятнок шуморида, пояи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат ҳисобид. Аввалин қадами Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ин қабули «Қонун дар бораи маориф» буд ва ин ҳуҷҷати сифатан нав буда, мақсад, вазифаҳо ва мундариҷаи таълиму тарбияро дар Тоҷикистон ба танзим даровард. 

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Вазорати маориф ва илми ҶТ як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва ҳуқуқиро оид ба танзим даровардани ҷараёни таълиму тарбия дар кулли муассисаҳои таълимии Тоҷикистон қабул намуд. Таваҷҷӯҳи Пешвои миллат ба такмили таълим ва омӯзиши забони англисӣ, чӣ дар мактаби миёна ва чӣ дар мактаби олӣ сазовори таҳсин аст. Дар ҳар як вохӯриҳо бо ҷавонон, зиёиён, олимон ва инчунин дар Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси олӣ ба зарурати донистани як, ду ва зиёда аз он забонҳои хориҷӣ алалхусус забонҳои англисию русӣ, арабиву чинӣ ҳамеша таъкид намоянд.

Бо мақсади такмили омӯзиши забони англисӣ, русӣ ва технологияи компютерӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми апрели соли 2003 ба табъ расид. Дар ин фармон ба ВМИҶТ ва мақомотҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки оид ба такмили омӯзиши забонҳои хориҷӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Бо мақсади амалӣ гардонидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров бо фармони ректори онвақта профессор академик М.Ю Салимов маркази омӯзиши забонҳои англисӣ, русӣ ва технологияи компутерӣ таъсис дода шуд. Дар ин марказ курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорони ҷавон, омӯзиши саводнокии компутерӣ ва семинарҳо оид ба усулҳои нави таълими забони хориҷӣ дар давоми якчанд сол баргузор гардиданд. Гузашта аз ин, дар ин марказ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забони англисӣ барои донишҷӯён ва хонандагон ташкил карда шуда буданд ва садҳо иштирокчиён соҳиби сертификати омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ шуданд. 

Дар партави ин фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 2-юми декабри соли 2003, Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба такмили омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ барои солҳои 2004 -2014 қабул карда шуд. Соли 2015 ҷамъбасти иҷрои ин Барнома ҷамъбаст карда шуд ва қайд карда шуд, ки нуқтаҳои асосии ин Барнома ба иҷро расидааст. Масалан, дар факултети забонҳои хориҷӣ ихтисоси «Назария ва амалияи тарҷума» кушода шуд ва ҳар сол ду гурӯҳи донишҷӯён аз рӯи ин ихтисос сабақ гирифта, маълумоти олӣ гирифта истодаанд. 

Дар тӯли 10 соли сипаришуда бисёр корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва методӣ барои баланд бардоштани таълими забони англисӣ дар муассисаҳои таълимии ҶТ ба анҷом расидаанд. Масалан, аз ҷониби профессор Парвона Ҷамшедов «Луғати англисӣ-тоҷикӣ», д.и.ф. Н. Мамадназаров  «Луғати англисӣ-тоҷикӣ», дотсент А.Бойматов, профессор К.Усмонов «Ақалияи луғавии фаъол аз забони англисӣ барои хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ» аз чоп баромад. Дар партави ин барномаи Ҳукуматӣ якчанд китобҳои дарсӣ марбут ба таълими забони англисӣ таҳия шуданд. А Саидов, «Забони англисӣ» барои синфи 3, А.Саидов, З.Расулова «Забони англисӣ» барои синфи 4, П.Ҷамшедов, П.Сатская, Алидодхонова «Забони англисӣ» барои синфҳои 5, 6, 7, 8, 9 аз чоп баромаданд. П.Ҷамшедов, З.Ҷоматов, М.Алидодхонова «Забони англисӣ» барои синфҳои 10-11 аз чоп бароварданд. Инчунин, А.Бойматов барои китобҳои дарсии забони англисӣ синфҳои 3-11 нақшаи тақвимиро барои омӯзгорон аз чоп баровард. Китобҳои дарсӣ ва дастурамалҳои методӣ мисли «Методикаи таълими забонҳои англисӣ» (муаллифон К.Усмонов, А.Бойматов), «Фонетикаи амалии забони англисӣ» барои донишҷӯёни факултети забонҳои хориҷӣ (муаллифон К.Усмонов, Д.Муминова),  «Грамматикаи амалии забони англисӣ» барои донишҷӯёни факултети забонҳои хориҷӣ (муаллифон К.Усмонов, Н.Қурбонова), «Морфологияи муқоисавии забони англисӣ ва тоҷикӣ» (муаллиф К.Усмонов), «Маҷмӯи саволҳои тестӣ аз забони англисӣ», «Баъзе масъалаҳои таълими забони англисӣ», «Learn to read English words», «Барномаи таълимӣ барои кӯдакистонҳо», Маҷмӯи диктантҳо аз забони англисӣ барои хонандагони мактаби миёна, «Classroom expressions» (муаллиф А.Бойматов) ба табъ расидаанд. Гузашта аз ин, аз ҷониби М.Абдуллоева дастурамалҳои методӣ «Think and speak», «My native Land», «Communicative exercises in teaching grammar»  ба донишҷӯён манзур карда шуданд. 

Мувофиқи банди 6-уми Барнома якчанд корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи типологияи муқоисавӣ ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ ба анҷом расиданд. Алалхусус, дар ин давра зиёда аз панҷ рисолаҳои докторӣ М.Н.Азимова, Н.Мамадназаров, Ҳ.Саидов, Ҳ.Мирзоев, С.Алиев, И.Афғонов дар самти типологияи муқоисавӣ ва зиёда аз бист рисолаҳои номзадӣ аз ҷониби олимон М.Абдуллоева, М.Юсупова, Р.Иброгимова, М.Ҳомидова ва дигарон бо муваффақият ҳимоя намуданд. Ҳоло дар факултет ду профессор, даҳ номзадҳои илм фаъолияти илмӣ-таълимӣ ва методӣ бурда истодаанд. 

Тибқи яке аз талаботи барномаи мазкур Шӯрои илмии махсус бо рамзи илмӣ 10.00.02 дар Душанбе кушода шуд. Мутаасифона аз сабаби кам будани докторони илм аз методикаи таълими забонҳои хориҷӣ кори илмӣ-тадқиқотӣ бурдан ғайриимкон аст. 

Бо ташаббуси Пешвои миллат ба ташкили таълими забони англисӣ дар муассисаҳои томактабӣ чорабиниҳои мушаххас қабул карда шуданд ва дар ҳамаи кӯдакистонҳои ҶТ омӯзиши забони англисӣ ба роҳ монда шудааст. Мо ифтихор аз он дорем, ки бо ташаббус ва супоришоти Пешвои миллат сохт ва мундариҷаи системаи маориф аз соли 2005 инҷониб ислоҳот гузаронида шуда истодааст. Бо шарофати Пешвои миллат таъсис додани гимназияҳо, литсейҳо, муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ бо таваҷҷӯҳи хоса ба омӯзиши забони англисӣ амалӣ шуда истодааст. Макотиби олӣ низ ба низоми нави кредити таҳсилот ворид шуд. Мувофиқи «Консепсияи миллии маълумот» тайёр кардани мутахассисони маълумоти олӣ се зина дорад: зинаи аввал бакалавр, зинаи дуюм магистратура ва зинаи сеюм доктори илм (PhD). Кулли нақшаҳои таълим  ва барномаҳо тибқи талаботи низоми кредитии таҳсилот ҷорӣ шудаанд. 

Дар факултети забонҳои хориҷӣ низ ҳамаи барномаҳои таълим ва силлабусҳо аз нав дида баромада шуданд. Хушбахтона, бо шарофати доимӣ, ғамхоронаи Пешвои миллат усулҳои нави таълим ва истифодаи иттилоотии муосир дар ҳамаи ҷабҳаҳои таълиму тарбия ҷараён гирифта истодаанд. Қабули санҷиши имтиҳонот, ташкил ва гузаронидани корҳои мустақилонаи донишҷӯён, тарзи нави ташкил ва гузаронидани таҷрибаи омӯзгории донишҷӯён аз қабили ҳамин талаботи низоми кредитии таҳсилот мавсуф мебошад.

Маҳз бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат имконияти дар асоси озмун ба давлатҳои хориҷӣ таҳсил кардан ва такмили ихтисос намудани донишҷӯён ва омӯзгорон пайдо шуд. Чанд омӯзгорони забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ дотсент М.Абдуллоева UGRAD (2009-2010), Словакия (2013), Талин (2015), дотсент А.Бойматов «Барномаи Fulbright»-ИМА1995, «Барномаи ITEC»-дар Ҳиндустон, дотсент М.Нематуллоева дар ИМА, дотсентон М.Абдуллоева, К.Шарипов дар ИМА солҳои 2009-2012, дотсентон Юсупова М.И., Юсупова М.А., сармуаллимон С.Азимова, Ф.Файзуллоев ва дигарон ба кишварҳои хориҷӣ сафарҳои илмӣ ва такмили ихтисос намуданд. Инчунин зиёда аз 100 нафар донишҷӯёни факултети забонҳои хориҷӣ дар солҳои мухталифи таҳсил бо барномаҳои гуногун ба кишварҳои гуногун сафари таълимӣ намуданд.  Боз як нуқтаи таваҷҷӯҳи Пешвои миллат ба такмили омӯзиши забони англисӣ ҷолиби диққат аст. Дар шаҳру навоҳиҳои ҶТ марказҳои таълимии забони англисӣ таъсис дода шуданд ва ҳазорон хоҳишмандон забони англисиро аз худ карда истодаанд. Нагуфта намонад, ки се сол инҷониб бо супориши Пешвои миллат имтиҳоноти дохилшави ба макотиби олӣ тавассути маркази миллӣ тестӣ амали гашта истодааст, ки ин кафолати шаффофият аст. Хушбахтона соли 2015 бо супориши Пешвои миллат Ҳукумати ҶТ барномаи нави такмили таълими омӯшизи забони англисӣ барои солҳои 2015-2020 қабул карда шуд. Дар ин барнома вазоифи муҳими чорабиниҳо баҳри баланд бардоштани сифати таълими забони англисӣ дар муассисаҳои таълимии ҶТ дарҷ карда шудааст. Хулоса, мо аҳли омӯзгорони факултети забонҳои хориҷии ДДХ барои ба ҳаёт тадбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи пешвои миллат дар ҳамаи соҳаҳо ва алалхусус дар соҳаи маориф ва тайёр кардани мутахассисони забони англисии баландихтисос барои кишварамон омода ҳастем. Ҳоло дар ҳамаи зинаҳо нақша-чорабиниҳо оид ба тадбиқи вазоифи Ҳукумати ҶТ ва Вазорати маориф ва илми ҶТ таҳия шуда ҷомеаи факултет саи кӯшиши худро барои амалӣ гардонидани он равона карда истодааст.

М.Абдуллоева, 
А.Бойматов, 
устодони факултети забонҳои хори
ҷии

ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров