Гузашти рӯзҳо моро ба яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ- раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон наздиктар месозад. Ба ин муносибат Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби аъзоёни гурӯҳҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо раъйдиҳандагон вохӯриҳо доир намуда истодааст. Чунин як вохӯрӣ санаи 15 апрел дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 27-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов, дотсенти ДДҲБСТ Самад Болтуев ва раиси участкаи раъйпурсии №1 Ҳ.Муҳиддинов бо бошандагони маҳаллаи «Раззоқ» баргузор гардид. Вохӯриро раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ҳусни оғоз бахшида, дар бораи тартиби баргузории раъйпурсӣ маълумот дод. Сипас, Самад Болтуев ба иштирокчиёни вохӯрӣ бандҳои асосии тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дод.
Шарҳ додан
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 10180
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 10010
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 8136
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 7932
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 7300
-
Хуҷанд: КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМО ВА ҚУТБНАМОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ2023-11-03 1163
-
Хуҷанд: АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТИ ШОЁНИ СОБИҚАДОРИ ҲХДТ2023-11-01 1198
-
Муаррифии дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ2019-10-03 985
-
Қабули аъзои нав2018-08-08 1243
-
МИНБАР ДИГАРУ ХИЛВАТ ДИГАР2019-02-26 1154
-
Раҳнамо ба сӯи ободу дурахшон2019-02-15 1110
Меҳмонон