Маҷлиси навбатии аъзоёни кумиҷроия дар толори маҷлисгоҳи кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб доир гардид.

Чорабиниро раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар ҳусни оғоз бахшида, баён дошт, ки тибқи муқаррароти талаботҳои Оинномавӣ вақти баргузори конференсияи ҳисоботӣ – интихоботӣ ва шумораи вакилон муайян карда шавад. Ҳамин тавр бо овоздиҳии аъзоёни кумиҷроия санаи 15 – январ муқаррар карда шуд.

Роҳбари дастгоҳи кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Маҳмадсалим Ҳайитов доир ба иваз намудани номи ташкилотҳои ибтидоӣ мутобиқ ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ”  гузориш дод.

Маликисломӣ Наим Мунаввар дар анҷоми ҷаласа ҷиҳати тақвияти ташкилотҳои ибтидоӣ, баланд бардоштани масъулияти ҳизбӣ ба аъзоёни кумиҷроия дастур дода, зикр намуд, ки некбин будан ва ҳизбиёнро ба ободкориву созандагӣ раҳнамоӣ намудан вазифаи ҷонии аъзоёни кумиҷроия мебошад.