Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар доираи аксияи вилоятӣ таҳти унвони “Сипос ба ту омӯзгор” бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоён ва боло бурдани қадру манзалати омӯзгор ба муносибати Рӯзи дониш аёдати якчанд омӯзгорони собиқадор ва бознишастаро роҳандозӣ намуд.

Дар аксияи мазкур раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Бахтиёр Исматҷонов, кормандони масъули кумиҷроия, вакилони халқ ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ фаъолона иштирок намуданд.

Аксия дар муассисаҳои таълимӣ ва ҳамчунин тариқи хона ба хона баргузор шуда, дар он устодони собиқадор, ботаҷриба ва пешқадам бо номаи сипос, гулҳои тару тоза ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ гардиданд.

  Зимни расонидани табрикоти ҳизбиён қайд карда шуд, ки воқеан, ҳам муаллим чароғи раҳнамо ва ҳидоятгари башарият дар ҳар давру замон ба шумор меравад.  Маҳз дониши баланд, масъулияти хоса ва маърифатнокии омӯзгорон аст, ки ҷомеа ба сӯи пешрафт кӯшиш мекунад. Аз ин ҷост, ки  қадру манзалати омӯзгор дар назди ҷомеа баланд аст. Омӯзгор дар замири шогирдон тухми некиву накӯкорӣ кошта, эҳсоси баланди шинохти Ватан, Модар, Миллат ва нангу номусро бедор ва тақвият мебахшад.

Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф нақши омӯзгорро бориз медонанд ва таъкид ҳам кардаанд: “Маҳз муаллим барои инсон роҳи донишу маърифатро мекушояд ва ба ҷаҳони ботинии шогирдон тухми ақлу хирад мепошад. Бар асари заҳмати устодон боғи маърифат ва ҷаҳони маънавии наврасону ҷавонон бор оварда, ҷомеа боз ҳам рушду камол меёбад”.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷиҳати бузургдошти омӯзгор ғамхориҳои рӯзафзун зоҳир менамоянд. Ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва  омода намудани мутахассисони соҳибкасбу донишманд ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Баланд бардоштани обрӯ ва эътибори омӯзгор дар ҷомеа яке аз ҳадафҳои асосии Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Зеро омӯзгор ташвиқу тарғибгари сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. 

Аксия дар тамоми кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар сатҳи баланд доир карда шуд.