Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо истифода аз қувваи фаъолони ҳизб, собиқадорон, фаъолзанон ва ҷалби Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» оид ба ворид гардидани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва кумитаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд вохӯриҳоро бо қишрҳои гуногуни ҷомеа ба роҳ монда истодааст. Доир ба фаҳмондадиҳии сабабҳои ворид гардидани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №20 бо истиқоматкунандагони кумитаи маҳаллаи Чорчароғ вохӯрӣ доир карда шуд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов зимни баромад қайд намуд, ки ба шарофати сулҳу субот ва иродаи матини мардуми шарифи Тоҷикистон мо тавонистем дар таъмини рушди муназзами иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар қадамҳои устувор гузорем. Бояд таъкид кард, ки дар ин раванди неку созанда мо, пеш аз ҳама, ба ақлу заковати азалии мардумамон такя кардем. Зеро табиати миллати тоҷик аз сифатҳои дўстиву рафоқат, ватанпарастиву садоқат ва дўстдории фарҳангу маърифат сиришта шудааст ва ҳамин фазилатҳои худодод дар он айёми тақдирсоз нақши барҷаста бозиданд. Дар он рўзҳои сахту сангин яқин буд, ки идомаи ҷанги шаҳрвандӣ метавонад боиси пароканда шудани миллати тоҷик ва барҳам хўрдани давлати ҷавони тоҷикон гардад. Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки он замон меъёрҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои амалкунанда поймол гардида, ҷинояткориву зўроварӣ ва қонуншиканӣ ба як рафтори муқаррарӣ табдил ёфта буд. Дар чунин шароит роҳбарияти давлат бо эҳсоси масъулияти баланд барои ояндаи Ватан ва халқи Тоҷикистон дар назди худ вазифа гузошт, ки бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳои имконпазир ҳарчи зудтар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти миллиро дар саросари мамлакат таъмин созад. Маҳз бо чунин нияти нек ва масъулияти ватандорӣ мо ҳамеша кўшиш ба харҷ медодем, ки ҳар як вохўрии тарафҳои музокироти байни тоҷиконро, ки қариб чор сол идома ёфт, ба хотири пойдории сулҳу субот ва фазои эътимоду боварӣ, сабру таҳаммул ва эҳтироми тарафайн сафарбар созем. Мақсади асосии давлат таъмини рушди устувору мутассили ҷомеа ва инкишофи бемайлони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он мебошад. Ин имконият медиҳад, ки мунтазам сатҳу сифати зиндагии мардум баланд бардошта шавад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки ҳар чи зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони соҳибистиқлол боз ҳам ободтару зеботар гардад.