Ҷиҳати тарғибу ташвиқи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии  №5-и шаҳри Хуҷанд бо истиқоматкунандагони кумитаи маҳаллаи Ҷаббор Расулов ва 1 Май вохӯрӣ доир гардид, ки дар он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат варзиданд

Зимни баромад қайд гардид, ки Паёми ҳамасолаи Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати як роҳнамо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон нақши хеле муҳим дорад. Дар Паёми навбатие, ки 22 декабри соли 2016 манзури Парлумони кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, дастовардҳои 25 сол Истиқлолият ва дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои минбаъда мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, афзалиятҳои сиёсати минбаъда бори дигар мушаххас баён гардиданд.