Бо мақсади пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва бехатарии муҳоҷирон дар шаҳрҳои хориҷи кишвар дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки сокинони маҳаллаи “Ҷаббор Расулов” ва “1-Май” вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Назокат Юсуфова, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД –и шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров, мутахассиси пешбари шуъбаи хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Иномҳасан Тӯраев ва раисони маҳаллаҳои мазкур иштирок намуда, оиди масъалаҳои дар болозикргардида баромад карданд.

Мақсад аз баргузории вохӯрӣ ин пурзӯр намудани корҳои тарғиботӣ дар байни мардум, алалхусус ҷавонон буда, эшонро ҳушдор месозад, ки фирефтаи ваъдаҳои ҳаргуна нохалафон ва хоинони ватан нагарданд.