Ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва дар ин замина фаҳмондани паёмадҳои хатаровари бемории сироятии коронавирус рӯзи гузашта мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон, роҳбари намояндагии ТҶҶ" Созандагони Ватан"-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Эҳсон Исоев ва сармутахассиси шӯъбаи ташкилии кумиҷроияи шаҳри Исмоил Латипов дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, макони сераҳолии шафати боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ корҳои фаҳмондадиҳиро бо аҳолӣ анҷом доданд. Зимни доир намудани мулоқот аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳатман зимни ба кӯча баромадан бо худ ниқоби ҳимоятӣ дошта бошанд, риояи масофаи иҷтимоӣ, дур будан аз издиҳом кафили эмин мондан аз беморист. Дар сурати худро нороҳат ҳис кардан ба наздиктарин нуктаи тиббӣ бояд муроҷиат намоянд.  

Ҳамзамон муроҷиатномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба аҳорлӣ тақсим карда шуданд.