Ҷашни Наврӯз Соли Нави мардумони эронинажод аст, ки ҳангоми баробар шудани шабу рӯз дар нахустин рӯзи баҳор ва солшумории хуршедӣ  фаро мерасад. Аз ин рӯ, Наврӯзро «Ҷашни сари сол» низ меноманд. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст.  Иди Наврӯз ин ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми форс мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои "рӯзи нав" ва "тоза", "рӯзи нахустин", аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст.

Бахшида ба ин иди аҷдодӣ дар кӯдакистони хусусии “Афсона” чорабнии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри  Хуҷанд Назокат Юсуфова иштирок ва баромад карда, ҳозиринро  аз номи кумиҷроия табрик кард. Ҳамчунин ба якчанд нафар аъзоҳои фаъол Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.