Субҳи имрӯз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб ва вазифагузориҳои Кумиҷроияи Марказӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардидани маъракаи интихобот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлубахон Амонзода аз фаъолияти кории Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дидан намуд.

Дар ҷараёни боздид аён гардид, ки фаъолияти Ситод мутобиқ ба меъёрҳои талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.

Дар Ситоди пешазинтихоботӣ ҳамарӯза тибқи ҷадвал навбатдории аъзоён ба роҳ монда шуда, утоқи корӣ бо телефон, компютер, маводҳои конселярӣ ва дигар лавозимоти зарӯрӣ таъмин аст

Зимни санҷиш ҳуҷҷатҳои Ситод аз назар гузаронида шуда, барои тақвияти кори Ситод аз ҷониби раиси кумиҷроияи вилоятӣ дастурҳои мушаххас пешниҳод карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар нақшаи кории Ситод ташкил ва гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ барои мушоҳидачиён, омода намудани маводҳои тарғиботӣ, ташкили вохӯриҳои номзадҳо бо интихобкунандагон, нашри барномаҳои пешазинтихоботӣ дар нашрияҳои ҳизбӣ, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ пешбинӣ шудаанд.