Бахшида ба рӯзи муаллим санаи 2-уми октябр дар мактаб-парваришгоҳи шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ бо иштироки омӯзгорону муҳасилини дабистони мазкур баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзида, омӯзгоронро ба муносибати иди касбиашон табрику муборакбод намуд ва ба се нафар аъзоёни фаъоли ҳизб, ки ташвиқгару тарғибгари ғояҳои созандаи ҲХДТ ҳастанду мунтазам бо кумиҷроияи шаҳрӣ ҳамкории судманд доранд сипоснома ва тӯҳфаи хотиравии кумитаи иҷроия супорида шуд.

Ҷашн дорад ин замон дар мамлакат омӯзгор,

Тирагиро дур созад,нур бахшад рӯзгор.

Қадри ӯ хеле баланд гардид андар ин замон,

Нест мисли ӯ касе болонишин дар ҳар макон.

Пешгарду раҳнамою бофару заҳматқарин,

Ҳамчу ӯ воломақоме нест дар рӯи замин.

Садри мо аҳли маорифро намояд эҳтиром,

Пояи давлат бувад Омӯзгори некном.

Хонаободии мо – Омӯзгори пуршараф,

Заҳмати ӯ мерасонад одамиро бар ҳадаф.

Ҷашнатон бодо муборак, устодони азиз,

Шодмон бошед доим , ғамгусорони азиз!