Дар хусуси ҳолати рӯҳии ҷамъият метавон аз муносибати давлат ва ҷомеъа ба эҳтиёҷоти шахсони камбизоату солхӯрда ва эҳтиёҷманд хулоса кард.

            Ҷамъияти имрӯзаи мо барои ҳифзу дастгирии чунин ашхос корҳои шоиста ва назаррасро ба анҷом мерасонад. Сиёсати давлатӣ  оид ба ҳифзи иҷтимоии камбизоатон, эҳтиёҷмандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои асосии сиёсат буда, адолатпарвар   ва башардӯстии Ҳукумату давлатро бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозгӯ менамояд.

            Аз кунҷи ноумедиву узлат ба зиндагии пурҷӯшу хурӯш ва пуртуғён раҳнамун сохтани афроди эҳтиёҷманд аз мақсадҳои асосӣ ва калидии барномавии ҲХДТ маҳсуб меёбад. Намунаи барҷастаи он, муроҷиати як нафар аз эҳтиёҷманде, ки на ҷои зисти муайян ва на макони иқомат дошт, бо аризаи хеш аз санаи 9.07.2018 сол муроҷиат намуд, то КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба ӯ дар рафъи ин масоил мусоидат намояд.

            Аризадиҳанда Акбашева Роза Мидҳатовна, модари яккаву танҳо, ки соҳиби фарзанди ноболиғи  шашсола - Акбашев Тимур мебошад, имрӯз бо ташаббус ва ибтикороти бевоситаи КИ ҲХДТ дар ш. Хуҷанд ва сарпарастии Раиси Ташкилоти ибтидоии “Хона-парваришгоҳ барои шахсони бепаноҳмонда” Лола Ашӯрова зери парасториву ғамхорӣ қарор гирифта шуд, яъне Акбашева Роза  бо манзили муваққатӣ ва се маҳал хӯроки гарм таъмин карда шуд.

            “Шукрона аз давлату Ҳукумат дорам, шукрона аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зеро шукр неъматро афзун кунад,” – мегӯяд Акбашева Роза.