Дар остонаи таҷлили Рӯзи Модар гурӯҳи ташаббускорони ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и шаҳри Хуҷанд, мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва занони кумиҷроия бо ҳамкории аъзоёни фаъоли Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Инқилоб” дар асоси дастури роҳбарияти Шӯрои Марказии Ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан” ҷиҳати аёдат ва ёрмандӣ намудан ба нафарони бесаробмонда  имрӯз ба ҳавлии зани солхӯрда Тӯҳфа Марраҳимова рафта, дар баробари тозаву озода намудани ҳавлӣ, побели қитъаи замин бо ин зани умрдида суҳбату мулоқот оростанд. Зимни суҳбат таъкид карда шуд, ки дар сиёсати давлатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастгирии нафарони ниёзманд ва барҷомонда мақоми шоиста дорад.  Дар пайравӣ аз иқдому ташаббусҳои Сарвари давлат аёдат ва пайваста  огоҳ будан аҳволи иҷтимоии ниёзмандон рисолати ҳизбиён маҳсуб мешавад.

Мавсуф, ки бо як писари имконияташ маҳдуд зиндагӣ дорад, аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои миллат ва ҲХДТ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои ба аёдат омадан изҳори сипос намуд. Ӯ дар ҳаққи Роҳбари давлат ва кормандони ҲХДТ даст бар дуо бардошт.

Дар фарҷоми мулоқот ва ҳашари дастҷамъона аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Инқилоб” ба ин оила қолин тӯҳфа карда шуд.