25 октябр дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шахри Хуҷанд маҷлиси Раёсати Кумиҷроияи шаҳрӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд:

  1. Фаъолияти кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар нӯҳ моҳи соли 2016 оид ба иҷроиши қарорҳои Анҷумани XII ва конференсияи XI Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд.
  2. Омӯзиши фаъолияти кории ташкилоти ибтидоии Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1.
  3. Таъсис додани ташкилотҳои ибтидоӣ
  4. Қабул ба сафи аъзогии ҲХДТ.

Дар маҷлиси Раёсат ҳамаи аъзоёни он ширкат доштанд ва масъалаҳои мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ёдовар шудан зарур аст, ки дар давраи семоҳаи сеюми соли 2016 10 адад ташкилотҳои ибтидоии кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд зиёд гардиданд.

Бояд қайд кард, ки дар натиҷаи ташвиқу тарғиб дар давраи семоҳаи сеюми соли равон  193 нафар аъзо ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дохил гардиданд ва қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабули аъзо аз ҷониби аъзоёни Раёсат тасдиқ карда шуд.

Айни замон дар шаҳри Хуҷанд 14170 нафар аъзои ҲХДТ ва 215 адад ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ фаъолият мебаранд.