Дар коргоҳи ҶДММ корхонаи фаръии «Фортуна и КО Арча» ташкилоти нави ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Дар расми ифтитоҳи ташкилоти нави ибтидоӣ аъзои кумиҷроияи шаҳрии ҳизб, раиси комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, доктори илмҳои иқтисодӣ Абдумавлон Азимов ва мудири шуъбаи омори кумиҷроия Ғуфрон  Шарипов ширкат варзиданд.

Дар баромади Абдумавлон Азимов зикр шуд, ки дар остонаи таҷлили 25- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон арзи фаъолият намудани ташкилоти нави ибтидоӣ дар назди корхонаи «Арча» фоли нек буда, он барои боз ҳам хубтар фаъолият намудани коргоҳ, тавсеаи донишҳои сиёсии кормандон мусоидат хоҳад кард.

Нарзулло Дадобоев, муовини директори генералии коргоҳи мазкур зимни баромади хеш аз нақш ва мақоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди демократикунонии ҷомеа ҳарф зада, баён дошт, ки Оиннома ва Барномаи ҲХДТ тавъаманд бо ҳадафҳои стратегии кишвар мебошад.  Ва дар Барномаи панҷсолаи ин ташкилоти муқтадир омадааст, ки гузариш аз роҳҳои анъанавии истеҳсолот ба усулҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, бахусус дар саноат ва кишоварзӣ, инчунин таъсиси корхонаҳои муосири саноатӣ бо роҳи ташкили технопаркҳо ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва коҳиш додани тамоюли манфии гардиши савдои хориҷӣ ва суръат бахшидан ба раванди диверсификатсияи содироти кишвар аз ҳадафҳои асосии хизб маҳсуб меёбанд.

Сипас, хайати нави роҳбарияти ташкилоти ибтидоӣ интихоб шуда, вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии коргоҳро ба зиммаи Хуршед Ғафуров вогузор намуданд. Бо овоздиҳии аксарият муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ Нарзулло Дадобоев ва котиби ташкилоти ибтидоӣ Манзура Муродӣ интихоб шуданд.

Муассиси коргоҳи мазкур Дадохон Очилов дар ҷамъбасти ҷаласа доир ба фаъолияти пурсамари ҲХДТ сухан ронда, зикр намуд, ки минбаъд барои тақвияти ташкилоти ибтидоӣ, зиёд намудани аъзои ҳизб кӯшиш ба харҷ хоҳад дод. Акнун минбаъд 15 нафар аъзоёни ташкилоти ибтидоии «Арча» дар баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангии корхона саҳм хоҳанд гирифт.

Ёдовар мешавем, ки корхонаи мазкур ба коркарди маҳсулоти чӯбу тахта ва истеҳсоли маҳсулотҳои сохтмонӣ машғул буда, дар бозори кишвар ва хориҷ бо сифати маҳсулоти худ пешсаф аст.